Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

СОЯИ ГУЛ

Зи парда гар ба дар ояд нигори парданишинам, Чу ашк аз назар афтад нигорхонаи Чинам. Бисозам аз сари зулфи ту чун насим ба бӯе, Гарам зи даст наёбад, ки гул зи боғи ту чинам. Марав ба нози ҷавонӣ гираҳ фиканда бар абрӯ, Ки пири ишқаму зулфи ту дода чин ба ҷабинам. Зи ҷон надошт дилам тоқати ҷудоиву аз ашк, Кашид парда ба чашмам, ки рафтани ту набинам. Зи тоби он ки дилам боз сар кашад зи камандаш, Камон кашида нишастаст чашми ӯ ба каминам. Агар насими умеде набуду шабнами шавқе, Гуле надошт хазондида боғи табъи ҳазинам. Ба ноз сар макаш аз ман, ки Сояи туам, эй сарв, Чу шохи гул бинишин то ба сояи ту нишинам.