БА А.С.ПУШКИН
Шоири аъзам! Ту кайҳо шабнишинам кардаӣ,
Хешро монанди ҷону дил қаринам кардаӣ,
Шеърҳоятро рафиқи беҳтаринам кардаӣ.
Меравам аз хона берун бо ту ҳангоми саҳар
Ман ба истиқболи рӯзи пуршукӯҳу пурзафар.
Меравад осори ту акнун ба ҳар баҳру баре,
Чун умеду орзӯи халқ дорад ӯ паре,
Мепарад озод дар болои ҳар як кишваре.
Бо суруди халқҳои мо ҳамовозӣ кунад,
Бо кабӯтарҳои табъи шоирон бозӣ кунад.
Месурудам ман шабе ҳар мисраи шеъри туро,
Дар забони тоҷикӣ медод такроран садо.
Духтарам Фирӯза ҳам мегуфт, ки: «Ман борҳо
Хондаам ин байтҳоро дар миёни баччагон»,
Ин садое буд, к-ояд аз забони тоҷикон.
Пушкин! Ту улфати пиру ҷавон гардидаӣ,
Узви ҳар як хонадони тоҷикон гардидаӣ,
Чун умеди одамият ҷовидон гардидаӣ.
Дар дили халқию умри халқ бошад пойдор,
Ҳайкали аъзам чу кӯҳӣ, кӯҳ бошад барқарор.
Бишнавам аз ҷӯшҳои чашмасор овози ту,
Аз шукуфтанҳои боғу пахтазор овози ту,
Аз дили колхозчиёни бахтёр овози ту.
Номи ту сабтест дар болу пари иқболи мо,
Дар китоби фатҳҳои рӯзу моҳу соли мо.
Бо ту вақти шеъргӯӣ менишинам рӯ ба рӯ,
Ҳалли ҳар мушкил намоям аз китобат ҷустуҷӯ,
Некбахт аст он, ки дорад чун ту устоди накӯ.
Қуллаи тобон туӣ, гар назм бошад ҳамчу кӯҳ,
Ёфт аз шеъри ту назми халқҳои мо шукӯҳ.