Нахурад шер нимхӯрдаи саг
Нахурад шер нимхӯрдаи саг
В-ар бимирад ба сахтӣ андар ғор.
Тан ба бечорагию гурснагӣ
Биниҳу даст пеши сифла мадор!
Гар Фаридун шавад ба неъмату мулк,
Беҳунарро ба ҳич кас машмор!
Парниёну насиҷ бар ноаҳл
Лоҷварду тилост бар девор!