ШОИР
Шабе...
Кадом шаб?
Шабе...
Ситорае даҳон кушуд.
Чӣ гуфт?
Нагуфт аз лабаш чакид.
Сухан чакид?
Сухан на, ашк,
Ситора мегирист,
Ситораи кадом Каҳкашон?
Ситорае, ки Каҳкашон надошт,
Сапедадам, ки хок
Дар интизори рӯзи хуррам аст,
Ситорае, ки дар ғами шабонааш ғуруб кард,
Нуҳуфта дар нигоҳи шабнам аст.