Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ПАЁМИ ПАРАСТУ

Биё, ки бори дигар гул ба бор меояд, Биёр бода, ки бӯи баҳор меояд. Ҳазор ғам зи ту дорам ба дил, биё, эй гул, Ки гул шукуфтаю бонги ҳазор меояд. Тараб миёнае хуш нест бо манаш, чӣ кунам, Хушо, ғами ту, ки бо мо канор меояд? На ман ба доғи ту, эй гул, ба хун нишастаму бас, Ки лола ҳам ба чаман доғдор меояд. Дили чу ғунчаи ман нашкуфад ба бӯи баҳор, Баҳори ман бувад он гаҳ, ки ёр меояд. Насими зулфи ту то нагзарад ба гулшани дил, Куҷо ниҳоли умедам ба бор меояд? Бад-ин умед шуд ашкам равон зи чашмаи чашм, Ки сарви ман ба лаби ҷӯйбор меояд. Магар зи пайки парасту паёми ӯ пурсам В-агарна кист, ки аз он диёр меояд? Дилам ба бодаву гул во намешавад, чӣ кунам, Ки бе ту бодаву гул ногувор меояд. Баҳори Соя туӣ, эй бунафшамӯ, боз ой, Ки гул ба дидаи ман бе ту хор меояд.