Хуш он соат, ки чун тимсол, аз оинаи фарде
Хуш он соат, ки чун тимсол, аз оинаи фарде
Ту орӣ сар бурун аз ҷайби нозу ман кунам гарде
Зи ранги нотавонӣ узрхоҳи сайри ин боғам,
Ба дастанбӯйии
хиҷлат надорам ҷуз гули зарде.
Агар гарде кунад хоки таҳи по, пушти мо бӯсад,
Бари аҳбоб аз ин бешам намебошад раҳоварде.
Уқубат аз камини маъсият
ғофил намебошад,
Шаби ман тиратар шуд охир аз ташвиши шабгарде.
Ҷаҳон яксар қимори орзуи пуч мебозад,
Магар дасти пушаймонӣ, кӣ дорад бурду оварде?
Мурувват сахт дур аст аз мизоҷи беҳиси золим,
Зи захми кас намегардад дучори нештар дарде.
Ба ин сомон, ки гардун нашъаи ворастагӣ дорад,
Баланд афтода бошад домани барчидаи марде.
Асири фақрам, аммо роҳате бе дарди сар дорам,
Ба мулки тирарӯзӣ нест чун ман сояпарварде.
Ба завқи Кавсару алвони неъмат хун махӯр, Бедил,
Биҳишт он бас, ки ёбӣ нонаке гарм, обаке сарде.