То машраби муҳаббат нанги вафо набошад,
То машраби муҳаббат нанги вафо набошад,
Бояд миёни ёрон мову шумо набошад.
Дар маҳфиле ки аҳбоб чуну чаро фурӯшанд,
Макшо забон, ки он ҷо шояд ҳаё набошад.
Бар мо хато гирифтан аз кеши шарм дур аст,
Кас айби кас набинад, то беҳаё набошад.
Бо ҳар кӣ ҳар чӣ гӯӣ, санҷида боядат гуфт,
То каффаи виқорат подарҳаво набошад.
Аз сифла ончи зояд, таъзимро нашояд,
Нақше ки ҷӯшад аз по, ҷуз зери по набошад.
Иброми бениёзон зиллаткаши ғараз нест,
Гар дар талаб бимирад, ҳиммат гадо набошад.
Дар поят ончи резад, то ҳашр барнахезад,
Хуни вафосириштон ранги ҳино набошад.
Чун мӯи чинӣ, ин ҷо изҳор сурмаранг аст,
Ангушти зинҳорем, моро садо набошад.
Шамъи бисоти моро муфти нафасшуморист,
Ин як-ду дам тааллуқ оташ чаро набошад?
Ҳарфи забони таҳқиқ бе нашъаи асар нест,
Дар кеши
ростиҳо тири хато набошад.
Хуш дорад он ситамгар бо шеваи тағофул,
Бегонааш мафаҳмед, к-ӯ ошно набошад.
Беруни ин биёбон пар мезанад ғуборе,
Эй маҳрамон, бибинед, уммеди мо набошад?
Ширинӣ он қадар нест дар хоби нози махмал,
Мижгон ба ҳам начаспад, то бӯриё набошад.
Фитрат намеписандад манзури ҷоҳ будан,
То устухон ба мағз аст, боби ҳумо набошад.
Дар маҷлисе ки иззат мавқуфи худфурӯшист,
Дигар касе чӣ бошад, гар мирзо набошад?
Дар суҳбате ки пирон бошанд бетакаллуф,
Ҳарчанд ханда бошад, дандоннамо набошад.
Ҷуз аҷз рост н-ояд аз ориятсириштон,
Дӯше, ки зери бор аст, хам то куҷо набошад?
Гарди димоғи ҳиммат саркӯби ҳар биноест,
Қасри фалак баланд аст, гар пушти по набошад.
Бедил, ҳамон нафасвор моро ба ҳукми таслим