Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Коҳиши табъи ман аз фитрати бебоки худ аст,

Коҳиши табъи ман аз фитрати бебоки худ аст, Шамъро барқи фано шуълаи идроки худ аст. Ғайр мушкил, ки шавад доми асирони вафо, Қафаси ваҳшати субҳам ҷигари чоки худ аст. Бар накардем сар аз доираи ҳайронӣ, Шабнами мо нигаҳи дидаи намноки худ аст. Ранги бетобии дил аз нафаси ман пайдост, Гардани шишаи ин бода раги токи худ аст. Тӯбӣ 137 ин ҷо самараш қобили дил бастан нест. Зоҳид аз бехабарӣ решаи мисвоки худ аст. Гар дил аз шарми карам об шавад, исор аст, Варна, гавҳар ҳама ҷо уқдаи имсоки худ аст. Нест дилро чу шикаст анҷумани офияте, Садафи гавҳари мо синаи садчоки худ аст. Гирдбод аз нафаси сӯхта доме дорад, Сайди ин бодия дар ҳалқаи фитроки худ аст. Зарару нафъи ҷаҳон аст ба нисбат, варна, Заҳр дар олами худ соҳиби тарёки худ аст. Дил ба хун метапад аз шӯхии ҷавлони нафас, Мавҷи бетобии ин баҳр зи хошоки худ аст. Шуъларо саҷдагаҳе нест чу хокистари хеш, Ҷабҳаи мо нуқати доираи хоки худ аст. Бедил, аз содадилӣ оина лабрези сафост, Оби ин чашма зи мавҷи назари поки худ аст.