Бе ту дил дар синаам дорад ҷунунафсонае,
Бе ту дил дар синаам дорад ҷунунафсонае,
Нолаи ҷуғде қиёмат карда дар вайронае.
Дар суроғи фурсати гумкарда месӯзам нафас,
Рафта шамъ аз базму боле мезанад парвонае.
Оташе дар худ занам, чашме зи ибрат во кунам,
Чун чароғи куштаам маҳбуси зулматхонае.
Ҷустуҷӯҳо хок шуд, аммо дар ин саҳро наёфт
Он қадар майдон, ки ҳуе болад аз девонае.
Дар калиди саъй уммеди кушоди кор нест,
Аз шикасти дил магар пайдо кунам дандонае.
Чораи дигар намеёбам, гиребон медарам,
Нотавониҳо чу мӯ мехоҳад аз ман шонае.
Оламе додам ба тӯфони дили бемуддао,
Сӯхт хирманҳо ба ҳам, то пок кардам донае.
Субҳа то боқист, зоҳид, дар шумори ком бош,
Мову хатти соғареву лазиши мастонае.
Майкашон пеш аз саводи чарху ахтар хондаанд
Бар баёзи гардани мино хати паймонае.
Бар давоми суҳбати ҳам чашм натвон дӯхтан,
Охир, эй бедонишон, хешем ё бегонае?
Дуди дил умрест, Бедил, медиҳам парвозу бас,
Бар гусастан бастаам зуннори оташхонае.