Шамъи базмат чӣ қадам бардорад?
Шамъи базмат чӣ қадам бардорад?
Пойи мо обилаи сар дорад.
Гули ин боғ гиребончок аст,
Ханда аз захм кӣ бовар дорад?
Дари таклифи табассум макушо,
Даҳани танги ту шаккар дорад.
Хок сомони ғубораш кам нест,
Нестӣ низ каруфар дорад.
Оламе чашм зи мо равшан кард,
Ранги мо хосияти зар дорад.
Кас чӣ хонад рақами пешонӣ?
Сафҳаи мо хати мистар дорад.
Сари ҳар фикр гиребонхоҳ аст,
Мавҷ ҳам тукмаи гавҳар дорад.
Бе харидор чӣ арзад гавҳар?
Дил ҳамон аст, ки дилбар дорад.
То фусурдӣ, зи назарҳо рафтӣ,
Ранг парвози таҳи пар дорад.
Лаб ба ҳам ору ҳаловатҳо кун,
Хомушӣ қанди мукаррар дорад.
Ба нафас қатъи ду олам кардем,
Дами ин теғ чӣ ҷавҳар дорад.
Саргарон мегузарад наргиси ёр,
Музди чашме, ки мижа бардорад.
То димоғ аст, ҳавас болкушост,
Сари ҳар бом кабутар дорад.
Бедил, ин сурату шакл он ҳама нест,
Одамӣ маънии дигар дорад.