Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

АНДУҲ

Андуҳи ман зи чашми қалам гиря мекунад, Ё Раб, чӣ ҳолатест, ки ғам гиря мекунад? Меъёри шодмонии мо гиря кардан аст, Хушбахт он касе, ки кам гиря мекунад. Азбас ба остини лаимон асир монд, Бар ҳоли хеш дасти карам гиря мекунад. Бар чашми тар хаёли ту бигзашту ашк монд, Ту рафтаию нақши қадам гиря мекунад. Фонӣ, на бутпараст шудӣ, не Худопарст, Бар машраби ту дайру ҳарам гиря мекунад.