ҲАМПАЙМОН
Кушоди кори он дилбанд, агар бо ҷони ман будӣ,
Ҳамоно додани ҷон кори бас осони ман будӣ.
Ҷудоӣ кори душман буд в-арна эй бародарҷон,
Ман аз ҷон ёварат будам, ту пуштибони ман будӣ.
Вафо то пои ҷон ин аст, паймоне, ки мо бастем,
Дар он аҳди вафодорӣ ту ҳампаймони ман будӣ.
Чу фарзандат маро хонад шаҳиди роҳи озодӣ,
Чӣ хоҳӣ гуфтанаш фардо, ки зиндонбони ман будӣ?
Ту зиндонбони ман будию ман зиндониат, аммо
Агар некӯ бияндешӣ ту ҳамзиндони ман будӣ.
Аҷаб, к-аз чонаи гармат сухан нопухта меояд,
Набудӣ хом, агар бо оташи сӯзони ман будӣ.
Дар ин зиндон ман аз хуни дили худ об мехӯрдам,
Ту ҳамчун Соя бар ин хони ғам меҳмони ман будӣ.