ШИКАСТИ ШАБ
Хунинкафан чу лолаи саҳрост қалби ман,
Саргашта чун насими сабукпост қалби ман.
Дилтангтар зи ғунчаву ошуфтатар зи гул,
Бетобтар зи мавҷаи дарёст қалби ман.
Ҷонбахштар зи бӯсаи соқӣ ба базми васл,
Гирандатар зи нашъаи саҳбост қалби ман.
Хоҳад ба чашми хеш бибинад шикасти шаб,
Бедор чун ситораи шабҳост қалби ман.
Азбас танини ханда фаромӯши ӯ шуда,
Лабрези гиря чун дили миност қалби ман.
Фонӣ, дилам гирифт аз ин шоми пурмалол,
Дар интизори ҷилваи фардост қалби ман.