ДАР ГУЛӮИ САМОВОР
Ман шохаи бурида зи як соқаи тарам,
Зиндонии гулӯи самовор мондаам,
Дур аз дами баҳор,
Бегона бо шарор,
Дар абри дуди сарди тани худ шиноварам,
Аз бас фазои ман
Торику бадҳавост,
Бар шохае, ки бар сари оташ нишастааст,
ман рашк мебарам.
Бар ман ба қадри як ду нафас аз ҳавои пок,
эй ҳамнафас бидеҳ,
Ё зарбае бикӯб,
бо сих бар сарам.
То ман,
Зи барзахе, ки гирифтор мондаам,
Саҷҷода рӯи оташи дӯзах бигустарам,
Зеро ба ҳеч ҳол,
З-ин тангнои марг,
Удат ба сӯи боғ нагунҷад ба боварам...