Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

ПАЙҒОМИ КОВУС БА ЗОЛ ВА РУСТАМ

Аз он пас ҷаҳонҷӯи хастаҷигар Бурун кард гурде чу мурғе ба пар. Сӯи Зобулистон фиристод зуд, Ба наздики Дастон ба монанди дуд Бигуфташ, ки бар ман чӣ омад зи бахт, Ба хок андаромад сари тоҷу тахт. Ҳамон ганҷу он лашкари номдор Биёроста чун гул андар баҳор. Ҳама чархи гардон ба девон супурд, Ту гуфтӣ, ки бод андаромад, бибурд. Кунун чашм тира шуду хира бахт, Нагунсор гашта сари тоҷу тахт. Чунин хаста дар чанги Оҳарманам, Ҳаме бугсилонад равон аз танам. Чу аз пандҳои ту ёд оварам, Ҳаме аз ҷигар сард бод оварам. Набудам ба фармони ту ҳушманд, Зи камбихрадӣ бар ман омад газанд. Агар ту набандӣ бад-ин дар миён, Ҳама суду сармоя бошад зиён. Фириста зи Мозандарон рафт зуд Чу мурғи паранда, ба кирдори дуд. Чу пӯянда наздики Дастон расид, Бигуфт, он чи донисту диду шунид. Чу бишнид, бар тан-ш бидрид пӯст, Зи душман ниҳон дошт ин, ҳам зи дӯст. Ба равшандил аз дур бадҳо бидид, Бар ӯ аз замона чӣ хоҳад расид. Ба Рустам чунин гуфт Дастони Сом, Ки шамшер кӯтаҳ шуд андар ниём. Нашояд к-аз ин пас чамему чарем, Дигар хештан тоҷро парварем, Ки шоҳи ҷаҳон дар дами аждаҳост, Бар эрониён-бар чӣ моя балост. Кунун кард бояд туро Рахш зин, Бихоҳӣ ба теғи ҷаҳонбахш кин. Ҳамоно, ки аз баҳри ин рӯзгор Туро парваронид парвардгор.