Бигзашт зи хокам бути гулпираҳани ман,
Бигзашт зи хокам бути гулпираҳани ман,
Чун субҳ нафас ҷома дарид аз кафани ман.
Ёди нигаҳаш баски ба таҷдиди ҷунун зад,
Шуд чашми парӣ бахяи далқи куҳани ман.
Ё Раб, зи назарҳо ба чӣ найранг ниҳон монд
Барқи ду ҷаҳон-шамъи қиёматлагани
ман?
Бар ваҳшатам афсуни қиёмат натавон хонд,
Бе шуғли сафар нест чу киштӣ ватани ман.
То теғи ту шуд моили андози ишорат,
Гардан ҳама ҷо руст чу мӯ аз бадани ман.
Ранге нанамудам зи баҳорат, чӣ тавон кард?
Ҳайронаму оинагарӣ нест фани ман.
Шамъи саҳарам, пириям афсуни тасаллист,
Хоҳад мижа хобонд кунун пар задани ман.
Гуфтанд: Дар ин базм сазовори адаб кист?
Гуфтам: Нигаҳи кори баибратфикани ман.
Умрест тамошоии сайри дили тангам,
Дар ғунча шикастаст димоғи чамани ман.
Фикрам ба ҳарифон раги хомӣ написандид,
Шуд пухта ҷаҳоне зи нафас сӯхтани ман.
Як дил гуҳари риштаи афкор кафоф
аст,
Гӯ, пойи харе чанд набандад расани ман.
Ҷуз мубтазале
чанд, ки ом аст дар ин аср,
Бедил, нарасидаст ба ёрон сухани ман.