МУХАММАС БАР ҒАЗАЛИ ҲИЛОЛӢ
Эй моҳи ман, имшаб маҳи тобони кӣ будӣ?
Партавфигани гӯшаи айвони кӣ будӣ?
Ҷон аз ғамат омад ба лабам, ҷони кӣ будӣ?
«Дӯшина куҷо рафтию меҳмони кӣ будӣ?
Дил бе ту ба ҷон буд, ту ҷонони кӣ будӣ?»
Дил аз кафи ман бурдию дилдори кӣ гаштӣ?
Орому қарори дили бемори кӣ гаштӣ?
Ман мурдам аз ин ранҷ, ту худ ёри кӣ гаштӣ?
«Ин ғусса маро кушт, ки ғамхори кӣ гаштӣ?
В-ин дард маро сӯхт, ки дармони кӣ будӣ?»
Гуфтам зи раҳи лутф ба ин сӯхтаат соз,
Дар хонаи сабрам мазан оташ зи раҳи ноз,
Имрӯз сияҳрӯзтарам карда зи оғоз,
«Бо холи сияҳ мардуми чашми кӣ шудӣ боз?
Бо рӯйи чу маҳ шамъи шабистони кӣ будӣ?»
Имшаб ки зи ман орази гулгун бинуҳуфтӣ,
Рафтӣ ба рақибону ба ман ҳеҷ нагуфтӣ,
Эй ғунчаи сероб, ба бахти кӣ шукуфтӣ?
«Эй давлати бедор, ба паҳлуи кӣ хуфтӣ?
Эй бахти гурезанда, ба фармони кӣ будӣ?»
Афрӯхта рухсори ту аз оташи саҳбо,
Бигдохта аз оташи ин ашк дили мо,
Аз гиряи ман шӯри қиёмат шуда барпо,
«Шӯре ба дили сӯхта афтод, бифармо,
Имшаб намаки синаи бирёни кӣ будӣ?»
Афтодаам аз ҳаҷри ту андар тапишу таб,
Талх аст маро бе лаби ширини ту машраб,
Худ гӯй, кӣ нӯшид майи васл аз он лаб?
«Ман бо дили ошуфта чӣ донам, ки ту имшаб
Ҷамъияти аҳволи парешони кӣ будӣ?»
Айнисифат аз даст шуда кори Ҳилолӣ,
То чанд равӣ дар раҳи озори Ҳилолӣ?
Равшан накунӣ дидаи хунбори Ҳилолӣ?
«Дур аз ту сияҳ буд шаби тори Ҳилолӣ,
Эй моҳ, ту хуршеди дурахшони кӣ будӣ?»