Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Нурест миёни шаъри аҳмар

Нурест миёни шаъри аҳмар Аз дидаву ваҳму рӯҳ бартар! Хоҳӣ худро бад-ӯ бидӯзӣ, Бархезу ҳиҷоби нафс бардар! Он рӯҳи латиф сурате шуд, Бо абруву чашму ранги асмар! Бинмуд Худойи бечигуна Бар сурати Мустафо – Паямбар! Он сурати ӯ фанои сурат, В-он наргиси ӯ чу рӯзи маҳшар! Ҳар гаҳ, ки ба халқ бингаридӣ, Гаштӣ зи Худо кушода сад дар! Чун сурати Мустафо фано шуд, Олам бигирифт Илоҳу Акбар!