Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Вуфури мол ба таъкиди хиссат аст далел,

Вуфури мол ба таъкиди хиссат аст далел, Кушоди даст намехоҳад остини тавил. Шарар чӣ бол тавонад кушуд дар дили санг? Чароғ дидаи мӯр аст дар саройи бахил. Ба қуввати ҳашам аз ҷодаи адаб магузар, Салои коми наҳанг аст кӯча додани сел. Зи саркашон ба бузургӣ фурӯтанӣ ғалат аст, Чӣ мумкин аст, хамидан расад ба гардани фил? Ғазаб ба ҷуръати таслим барнамеояд, Ҳаёст оташи Намрудро зи вазъи Халил. Румузи ишқ сазовори хушкмағзон нест, Нафас ба ҳавсалаи най намешавад таҳлил, Қади хамида ба сад эҳтиёҷ доғам кард, Чӣ гадяҳо ки нафармуд сози ин занбил! Ба сурху зард манозед зери чархи кабуд, Ки ҷома ҳар чӣ бувад, мотамист дар хуми нил.413 Ба ҳар хаёл қаноатгар аст марҳумӣ, Кашед сурма ба чашми парӣ зи сояи мил. Ҳавас бизоати мавҳуми мо чӣ арз диҳад? Мубарҳан аст аз иҷмоли зарраҳо тафсил. Хабар зи дил нагирифтӣ, касе чӣ чора кунад? Ки шишаест ба тоқи тағофулат таҳвил. Адабғубори хамӯшист корвони ҳубоб, Нуҳуфтаем ба забти нафас даройи раҳил. Чу шамъ хирасари фурсатему з-ин ғофил, Ки чин баланд гирифтаст домани таъҷил. Талоши илму адаб муғтанам шумар, Бедил, Макаш хумори шаробе, ки ақлрост музил.