Рӯзи сияҳам соясифат ҷузви бадан шуд,
Рӯзи сияҳам соясифат ҷузви бадан шуд,
Осуда шав, эй оина, зангор куҳан шуд.
Шабнам ба чӣ уммед барад сарфаи эҷод?
Чашме ки кушудам, арақи хиҷлати ман шуд.
Нашкофтам охир раҳи таҳқиқи гиребон,
Фурсат нафасе дошт, ки помоли сухан шуд.
Тадбир илоҷи марази зотии кас нест,
Аз шиша шудан санг ҳамон тавбашикан шуд.
Ҳайрат написандид зи мо гарм нигоҳе,
Бурдем дар он базм чароғе, ки лаган шуд.
Танзеҳ зи огоҳии мо гашт кудурат,
Ҷон буд, ки дар фикри худ афтоду бадан шуд.
Ҷуз яъс зи лофи манумо пеш набурдем,
Тори нафас азбаски ҷунун бофт, кафан шуд.
Шаб дар хами андешаи гесӯи ту будам,
Фикрам гираҳе хӯрд, ки як нофа Хутан шуд.
Чун ашк ба ҳамворӣ аз ин дашт гузаштам,
Лағзидани по роҳи маро муҳра задан
шуд.
Гарди раҳи ғурбат чӣ қадар саъйи вафо дошт,
Хокам ба сар афшонд ба ҳадде, ки ватан шуд.
Бедил, асаре бурдаӣ аз ёди хиромаш,
Товус бурун о, ки хаёли ту чаман шуд.