Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Бехудӣ имшаб пару боли фиғоне мешавад,

Бехудӣ имшаб пару боли фиғоне мешавад, Гар надорам муддао, боре баёне ешавад. Ҳеҷ вазъе дар тариқи ҷустуҷӯ бекор нест, Пойи хоболуда ҳам санги нишоне мешавад. Нашъаи таслим ҳосил кун, ки муште хокро Бод ҳам гар мебарад, тахти равоне мешавад. Мавҷи ин дарё ба саъйи нохудо муҳтоҷ нест, Киштии моро шикастан бодбоне мешавад. Чун латофат туҳматолуди кудурат шуд, балост, Сояи боли парӣ кӯҳи гароне мешавад. Рух мапӯш аз ман, ки чашми ҳасратоҳанги маро Ҳар сари мижгон пару боли фиғоне мешавад. Оҷизам чандон, ки дар арзи заифиҳои ман Нола гар болад, нигоҳи нотавоне мешавад. Гар чунин бошад фишори ҳасрати боли ҳумо, Мағзҳо охир зи хушкӣ устухоне мешавад. Баски гармиҳои суҳбат парфишони ваҳшат аст, Оташи ин корвон ҳам корвоне мешавад. Роҳати ҷовид дар забти инони орзуст, Болу пар гар ҷамъ гардад, ошёне мешавад. Сайри Ҳақ, Бедил, ба қадри тарки асбоб асту бас, Сӯи ӯ аз ҳар чӣ баргардӣ, иноне мешавад.