Зиндагӣ маҳруми такрор асту бас,
Зиндагӣ маҳруми такрор асту бас,
Чун шарар ин ҷилва як бор асту бас.
Аз адам ҷӯед субҳ, эй ғофилон,
Олам аст ин ҷо, шаби тор асту бас.
Аз заифӣ бар рухи тасвири мо
Ранг агар гул мекунад, бор асту бас.
Ғафлати мо пардаи бегонагист,
Маҳрамонро ғайр ҳам ёр асту бас.
Кист, то фаҳмад забони аҷзи мо?
Нола ин ҷо набзи бемор асту бас.
Нест офоқ аз дили сангин тиҳӣ,
Ҳар куҷо рафтем, куҳсор асту бас.
Аз шикасти шишаи дилҳо мапурс,
Шаш ҷиҳат як нештарзор асту бас.
Дар таҳайюр лаззати дидор ку?
Дидаи оина бедор асту бас.
Ихтилоти
халқ набвад бе газанд,
Базми суҳбат халқаи мор асту бас.
Чун ҳубоб аз шайхии зоҳид мапурс,
Ин сари бемағз дастор асту бас.
Эй сарат чун шуъла пурбоди ғурур,
Ин ки гардан мекашӣ, дор асту бас.
Бедил, аз зиндониёни улфатем,
Бӯйи гулро ранг девор асту бас.