Шудам маҳруми дидорат, падарҷонам,
Шудам маҳруми дидорат, падарҷонам,
падарҷонам,1
Дареғи рӯҳи бедорат, падарҷонам,
падарҷонам.
Дареғо гӯяму гирям, ки бо ман дӯстон гирянд,
Дареғи ҷони ғамхорат, падарҷонам,
падарҷонам.
Ба ҳар торе, ки нохун мезанам, зикри ту мегӯяд,
Ба ёди лаҳни гуфторат, падарҷонам,
падарҷонам.
Кашидӣ баҳри ман озор, к-осоре зи ман монад,
Манам осори озорат, падарҷонам,
падарҷонам.
Ба он манзил, ки ҳоло меравӣ,
ман низ хоҳам рафт,
Худо ёрат, худо ёрат, падарҷонам, падарҷонам.