Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Теғи мижгонро ба хуни ишқбозон тез кун

Теғи мижгонро ба хуни ишқбозон тез кун, Ғамзаро дар қатли покон ханҷари хунрез кун. Бо чунин шакли пурошӯб о бурун як бомдод, Шаҳрро дармондаи ғавғои растохез кун. Талхкомам аз турушрӯйии ту, баҳри Худо, З-он ду лаб як хандаи ширини шӯрангез кун. Зоҳидо, гар бор хоҳӣ дар сафи дурдикашон Субҳа бифган в-аз сабӯи бода дастовез кун. Хуфтаам чун чашми ту бемор, пурсиш кун маро, Шарбати бемориям аз лафз шаҳдомез кун. Менишонам з-остонат аз сиришки дида гард, Хуни ноб аст ин на об, ай ҷон, аз ин парҳез кун. Шуд Ҳарӣ, Ҷомӣ, зи зулми ғамзаи туркон хароб, Рӯй дар маҳрусаи Шероз ё Табрез кун!