Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дуруштхӯ суханаш офиятсамар набувад,

Дуруштхӯ суханаш офиятсамар набувад, Садои тори раги санг ҷуз шарар набувад. Ҳуҷуми ҳодиса бо софдил чӣ хоҳад кард? Зи сел хонаи оинаро хатар набувад. Ғубори ваҳшати мо аз суроғ мустағнист, Ба рафтани нигаҳ аз нақши по асар набувад. Ба оламе, ки адаб маҳви бенишониҳост, Ҳавас агар ҳама анқост, номабар набувад. Ба коргоҳи тааммул ҳамон дил аст нафас, Гиреҳ ба риштаи корам кам аз гуҳар набувад. Зи бахт шиква надорам, ки нахли шамъи маро Баҳори сӯхтане ҳаст, агар самар набувад. Уқубати ду ҷаҳон дил ба як тағофул баст, Шикасти хотири оина он қадар набувад. Ба ранги реги равон, раҳнаварди савдоро Зи ғайри обилаи по гули сафар набувад. Дар ин муҳит, ки ҳар қатра нақди бохтанист, Хуш он ҳубоб, ки оҳеш дар ҷигар набувад. Махоҳ ранги ҳаловат зи гуфтугӯ, Бедил, Найе ки нола кунад, қабили шакар набувад.