ИНҚИЛОБИ СУРХ
(Назира ба ғазали А. Лоҳутӣ)
Дар оташи ситам ҷигарам шуд кабоби сурх,
Аз хуни мустабид қадаҳе деҳ шароби сурх.
Аз инқилоби сурх расид ин хитоби сурх:
«К-эй зулмдидагон, сари шоҳу ҳисоби сурх!»
Бар сих зан дилу ҷигари ҷаврпешагон!
Кайфийяти шароб диҳад ин кабоби сурх.
Ҳар инқилоб рӯйи маро сурх кай кунад,
Аз Инқилоби сурх дамон офтоби сурх.
Шамшери интиқом маяндоз дар наём!
Сар то сари ҷаҳон накунӣ то туроби сурх.
Дар баҳри хуни ҷавру ситампешагон замин
Бояд ки изтироб кунад чун ҳубоби сурх.
Хезед, эй гурӯҳи ситамдидагон, ба азм!
Дар рӯзгори куҳна кунед Инқилоби сурх!
Резед хуни душмани синфии худ чу шер!
Аз дида буздилона чӣ резед оби сурх?
Айнӣ, ба як ғазал натавон шарҳи ҳол кард,
Бояд ба инқилоб навиштан китоби сурх.