Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Гар лаби ӯ шиканад, нархи шакар мерасадаш

Гар лаби ӯ шиканад, нархи шакар мерасадаш, В-ар рухаш таъна занад бар гули тар, мерасадаш! Гар фалак саҷда барад бар дари ӯ, месазадаш, В-ар ситонад гарав аз қурси қамар, мерасадаш! В-ар шаҳи ақл, ки олам ҳамагӣ чокари ӯст, Ҷиҳати хидмати ӯ баста камар, мерасадаш! Шоҳи хуршед, ки бар зангии шаб теғ кашид, Гар пайи ҳайбаташ афканд сипар, мерасадаш! Гар уторид зи пайи дойираву нуқтаи ӯ Ҳамчу паргор равон аст ба сар, мерасадаш! Он ҷамоле, ки фаришта набувад маҳрами ӯ, Гар надорад сари дидори башар, мерасадаш! Кору бори маликоне, ки забардаст шуданд, Накунад, в-ар бикунад зеру забар, мерасадаш! Мешумурдам ман аз ин навъ, шунидам зи фалак, Ки аз инҳо бигузар, чизи дигар мерасадаш!