Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ДАР РАСОИ ДӮСТ

Дардест дар дилам, ки гар аз пеши оби чашм, Бардорам остин, биравад то ба доманам. Саъдии Шерозӣ Бонуи нозанин, Мезони шони инсон. Озар Бо корвони сӯхтагон рафтӣ, Нодида он сапедадами деркардаро, Пинҳон нигоҳ дошта андар гулӯи сабр, Буғзи фушурдаро. Дар тангнои зулмати бунбаст, Чашмат ба рӯшноии поёни ғор буд. Ҳақ доштӣ, азиз, Он рӯзи дилфурӯз, Дур аст, Аммо дурӯғ нест. Бигзор, Аз пеши оби чашм, Бардорам остин, Бонуи нозанин. Клан, меҳрмоҳи 1396