НАВИДИ ОБ
Туӣ, ки дар сукути ман, тарона офаридаӣ,
Туӣ, ки бар шарори ман, забона офаридаӣ.
Дили шикаста дар барам фурӯғи ишқ аз ту ёфт,
Туӣ, ки дар харобаам хизона офаридаӣ.
Зи офтоби ҳусни худ ниқоб то барафканӣ,
Фиғону зории маро баҳона офаридаӣ.
Туро ба бекаронагӣ чӣ гуна ҷустҷӯ кунам,
Ки қулзуми хаёлро карона офаридаӣ?
Ту боғи ҳастии маро навиди об додаӣ,
Ту бар дарахти хотирам ҷавона офаридаӣ.
Дили фариштахӯи ман ба доми ишқ то фитад,
Зи ҳусни моҳталъатон ту дона офаридаӣ.
Хурӯши Фонии маро ту ҷовидона хостӣ,
Ки дар фусуни хомаам фасона офаридаӣ.