Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

ИМТИҲОНАМ…

Корвони ишқи мо бо роҳи мушкил меравад. Саъдӣ Аз рӯзҳои аввал донӣ маро, азизам, К-аз зиндагии осон мехостам гурезам, Монанди раъду барқе бо абрҳо ситезам, Чун буттаҳои сарсабз аз мағзи санг хезам, Аз фарқи кӯҳсорон чун шаршара бирезам. То ин ки дар диёри кӯҳӣ садо диҳам ман, Аз хеш қатраҳоро ҳар сӯ ҳаво диҳам ман. Рӯзе, ки менамудам рӯи туро назора, Мехостам, ки орам аз осмон ситора, Бар гӯши ту авезам онро чу гӯшвора, Мегашт агар дили ман аз зарби ишқ пора, Дар орзӯи васлат мезистам дубора. Исбот то намоям сидқу вафои худро, Ҳам ибтидои худро, ҳам интиҳои худро. Мехостам, ки бошад оғози ишқ мушкил, Ҷӯшидаю дамида, ноорамида ин дил, Чун мавҷҳои дарё сарро занад ба соҳил, Дар хоку хун тапида, монанди мурғи бисмил, Ё маҳви ишқ гардад, ё ки ба васл ноил. Ин он мароми ман буд, Рабти низоми ман буд, Хоби ҳароми ман буд, Шӯру қиёми ман буд! Афсӯс, ки накардӣ як бор имтиҳонам, Мешуд дароз шояд дар пеши ту забонам, Номи ту сабт мешуд дар дафтари баёнам, То хешро шиносам, то қадри ишқ донам, То ин ки нияти худ беоқибат намонам. Ин достони худро такрор мекунам ман, Эҳсоси ошиқонро бедор мекунам ман.