Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ҳар замон лутфат ҳаме дар пай расад

Ҳар замон лутфат ҳаме дар пай расад В-арна касро ин тақозо кай расад?! Масти ишқам дор дойим бехумор, Ман нахоҳам мастие, к-аз май расад! Мо найистонему ишқаш оташест, Мунтазир, к-он оташ андар най расад! Ин найистон об з-оташ мехурад, Тоза гардад з-оташе, к-аз вай расад! То абад аз дӯст сабзу тозаем, Ӯ баҳоре нест, к-ӯро дай расад! Ло шавем аз «куллу шайъин ҳолику», Чун ҳалоку офат андар шай расад! Ҳар ки ӯ ночиз шуд, ӯ чиз шуд, Ҳар ки мурд аз кибр, ӯ дар ҳай расад!