ГУФТУГӮ БО ХУД
Шоиро,
маънии ғурурат чист?
Сабаби кибри нозарурат чист?
Ё ки шеъри ҷаҳон мусаххар кард,
Шӯру ҳангомаҳои нав сар кард?
Ё ту як шоири хирадмандӣ,
Ки зи сар то ба по ҳама пандӣ?
Ақлро кардаӣ ту бе эҳсос
Ба бинои азими назм асос?
Номаи ишқи нотамом куҷост,
Сӯхтанҳои бардавом куҷост.
Варна, гар шоирӣ, ҷунунат ку?
Дили ҳассосу гарм хунат ку?
Ишқ гар нест, ақл беҷон аст,
Дар дилат чиллаи зимистон аст.