АРҒУВОН
Арғувон-шохаи ҳамхуни ҷудомондаи ман,
Осмони ту чӣ ранг аст имрӯз?
Офтобист ҳаво?
Ё гирифтаст ҳанӯз?
Ман дар ин гӯша, ки аз дунё берун аст,
Офтобе ба сарам нест,
Аз баҳорон хабарам нест,
Он чӣ мебинам девор аст.
Оҳ,
Ин сахти сиёҳ,
Ончунон наздик аст,
Ки чу бармекашам аз сина нафас,
Нафасамро бармегардонад.
Раҳ чунон баста, ки парвози нигаҳ,
Дар ҳамин як қадаме мемонад.
Кӯр сӯе зи чароғе ранҷур,
Қиссапардози шаби зулмонист.
Нафасам мегирад,
Ки ҳаво ҳам ин ҷо зиндонист.
Ҳар чӣ бо ман ин ҷост,
Ранги рух бохтааст.
Офтобе ҳаргиз,
Гӯшаи чашме ҳам,
Бар фаромӯшии ин дахма наяндохтааст.
Андар ин гӯшаи хомӯши фаромӯшшуда,
К-аз дами сардаш ҳар шамъе хомӯш шуда.
Ёди рангине дар хотири ман,
Гиря меангезад:
Арғувонам он ҷост,
Арғувонам танҳост.
Арғувонам дорд мегиряд,
Чун дили ман, ки чунин хунолуд,
Ҳар дам аз дида фурӯ мерезад.
Арғувон,
Ин чӣ розест, ки ҳар сол баҳор,
Бо азои дили мо меояд?
Ки замин ҳар сол аз хуни парастуҳо рангин аст
В-ин чунин бар ҷигари сӯхтагон,