Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ПАЁМИ ШАҲИД

Оҳ, эй модар, паи гӯрам магард, Нақши хун дорад нишони гӯри мард. Он шақоиқ руста дар домони дашт, Гӯш кун, то бо ту гӯяд саргузашт. Абр он борон, ки бар саҳро гирист, Бо ту мегӯяд, ки ин гирянда кист. Гар на коме аз ҷавонӣ рондаам, Бо ҷавонон чун ҷавонӣ мондаам. Нағмаи нохондаро додам ба рӯд, То бихонад бо ҷавонон ин суруд: Чашмае дар кӯҳ меҷӯшад манам, К-аз даруни санг берун мезанам. Қатраи дар шиша монда тангу тор, Об равшан шуд равон дар ҷӯйбор. Аз нигоҳи об тобидам ба гул В-аз рухи худ ранг бахшидам ба гул. Пар задам аз гул ба хуноби шафақ, Нола гаштам дар гулӯи мурғи ҳақ. Пур шудам аз хуни булбул лаб ба лаб, Рафтам аз ҷоми шафақ дар коми шаб. Озарахш аз синаи ман равшан аст, Тундари тӯфанда фарёди ман аст. Ҳар куҷо муште гираҳ шуд, мушти ман, Захмии ҳар тозиёна пушти ман. Ҳар куҷо фарёди озодӣ манам, Ман дар ин фарёдҳо дам мезанам. Дар дили шаб гӯш дор аз пушти дар, Мешиносӣ бонги пои раҳгузар. Гӯш бо он гоми нармовоз кун, Он манам, дар мезанам, дар боз кун. Чун гурезад дар ту он оҳунигоҳ, Дар паноҳаш гир аз сагҳои роҳ. Дар нигоҳи ӯ саломат мекунам, Бо саломаш эҳтиромат мекунам. Аз даруни чашми ӯ мебинамат, Бӯсаҳо аз рӯю мӯ мечинамат. Хуни ман дар гунаи гулгуни ӯст, Оташи сӯзони ман дар хуни ӯст.