Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дар такаллум аз надомат ҳеҷ кас осуда нест,

Дар такаллум аз надомат ҳеҷ кас осуда нест, Ҷунбиши лаб якқалам ҷуз дасти барҳамсуда нест. Роҳатободе, ки мардум ҷаннаташ номидаанд, Бетакаллуф, ин сухан ғайр аз лаби накшуда нест. Гар забон аз шӯхии изҳор водуздад нафас, Софии оинаи матлаб ғуборандуда нест. Поси номуси сухан дар безабонӣ равшан аст, Ҳеҷ мазмуне дар ин сурат нафасфарсуда нест. Қатраҳо аз забти мавҷ оинадори гавҳаранд, То шавад равшан, ки саъйи хомушӣ беҳуда нест. Гуфтугӯ, Бедил, далели ҳарзатозиҳои мост, То ҷарас фарёд дорад, корвон осуда нест.