ГУМШУДАГОНИ ШАБ
Гуфтӣ, ки шаб охир шуд, аз ғусса дигар дурем,
Шуд субҳи зафар наздик, в-аз шоми хатар дурем.
Гуфтӣ, ки сафар саҳл аст, ин қофиларо з-ин пас,
К-аз тирраси дуздон, в-аз кӯҳу камар дурем.
Афсӯс, надонистӣ, к-андар талаби мақсуд,
Мо гумшудагони шаб аз марзи саҳар дурем.
Рӯида канори санг, бо роҳравон дар ҷанг,
Мо хори биёбонем, аз баргу самар дурем.
Аз фитна ба хуни мо, гардун чӣ сиришт оё?
К-аз нафрату кин лабрез, в-аз ишқу ҳунар дурем.
Мехонд ба гӯши бод, нахле зи баҳорон шод,
К-имсол муборак бод, к-аз теғу табар дурем.
Нолид чанори пир, аз доғи табар дилгир,
Гуфто, ки бале дурем, аммо чӣ қадар дурем.