БАРОИ РОЗЕНБЕРГҲО
Хабар кӯтоҳ буд:
- Эъдомашон карданд.
Хурӯши духтарак бархост,
Лабаш ларзид,
Ду чашми хастааш аз ашк пур шуд,
Гиряро сар дод...
Ва ман бо кӯшише пурдард ашкамро,
Ниҳон кардам:
—Чаро эъдомашон карданд?
Мепурсад зи ман бо чашми ашколуд:
—Чаро эъдомашон карданд?
— Азизам, духтарам!
Он ҷо шигифтангез дунёест:
Дуруғу душманӣ фармонравоӣ мекунад он ҷо,
Тило ин кимиёи хуни инсонҳо,
Худоӣ мекунад он ҷо,
Шигифтангез дунёе, ки ҳамчун қарнҳои дур,
Ҳанӯз аз нанги озори сиёҳон доман олудаст,
Дар он ҷо ҳақу инсон ҳарфҳои пучу беҳудаст.
Дар он ҷо раҳзанӣ, одамкушӣ, хунрезӣ озод аст
Ва дасту пои озодист дар занҷир.
Азизам, духтарам!
Онон
Барои душманӣ бо ман,
Барои душманӣ бо ту,
Барои душманӣ бо ростӣ,
Эъдомашон карданд
Ва ҳангоме ки ёрон,
Бо суруди зиндагӣ бар лаб,
Ба сӯи марг мерафтанд,
Умеди ошно мезад чу гул дар чашмашон лабханд.
Ба шавқи зиндагӣ овоз мехонданд
Ва то поён ба роҳи равшани худ бовафо монданд.
Азизам!
Пок кун аз чеҳра ашкатро зи ҷо бархез,
Ту дар ман зиндаӣ, ман дар ту, мо ҳаргиз намемирем,
Ману ту бо ҳазорони дигар
Ин роҳро дунбол мегирем.