Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Риндон саломат мекунанд, ҷонро ғуломат мекунанд

Риндон саломат мекунанд, ҷонро ғуломат мекунанд, Мастӣ зи ҷомат мекунанд, мастон саломат мекунанд! Дар ишқ гаштам фоштар в-аз ҳамгинон қаллоштар, В-аз дилбарон хушбоштар, мастон саломат мекунанд! Ғавғои рӯҳонӣ нигар, селоби тӯфонӣ нигар, Хуршеди раббонӣ нигар, мастон саломат мекунанд! Афсун маро гӯяд касе, тавба зи ман ҷӯяд касе, Бе по чу ман пӯяд касе, мастон саломат мекунанд! Ай орзуи орзу, он пардаро бардор аз ӯ, Ман кас намедонам ҷуз ӯ, мастон саломат мекунанд! Ай абри хушборон, биё, в-ай мастии ёрон, биё, В-ай шоҳи тарророн, биё, мастон саломат мекунанд! Ҳайрон куну беранҷ кун, вайрон куну пурганҷ кун, Нақди абадро санҷ кун, мастон саломат мекунанд! Шаҳре зи ту зеру забар, ҳам бехабар, ҳам бохабар, В-ай аз ту дил соҳибназар, мастон саломат мекунанд! Он мири маҳрӯро бигӯ в-он чашми ҷодуро бигӯ, В-он шоҳи хушхӯро бигӯ: “Мастон саломат мекунанд!” Он мири ғавғоро бигӯ в-он шӯру савдоро бигӯ, В-он сарви хазроро бигӯ: “Мастон саломат мекунанд!” Он ҷо, ки як бохеш нест, як маст он ҷо беш нест, Он ҷо тариқу кеш нест, мастон саломат мекунанд! Он ҷони бечунро бигӯ в-он доми Маҷнунро бигӯ, В-он дурри макнунро бигӯ: “Мастон саломат мекунанд!” В-он доми одамро бигӯ в – он ҷони оламро бигӯ, В-он ёру ҳамдамро бигӯ: “Мастон саломат мекунанд!”