ОВОЗИ БАЛАНД
Вақт аст, ки биншинию гесӯ бикушоӣ,
То бо ту бигӯям ғами шабҳои ҷудоӣ.
Базми ту маро металабад, омадам, эй ҷон,
Ман ӯдаму аз сӯхтанам нест раҳоӣ.
То дар қафаси болу пари хеш асир аст,
Бегонаи парвоз бувад мурғи ҳавоӣ.
Бо шавқи сарангушти ту лабрез навоҳост,
То худ ба канорат чӣ кунад чанг навое?
Умрест, ки мо мунтазири боди сабоем,
То бӯ, ки чӣ пайғом диҳад боди сабое?
Эй вой, бар он гӯш, ки бас нағмаи ин ной,
Бишниду нашуд огаҳ аз андешаи ное.
Афсӯс, бар он чашм, ки бо партави сад шамъ,
Дар ойинаат диду надонист куҷоӣ?
Овози баландӣ тую кас нашнавадат боз,
Берунӣ аз ин пардаи танги шунавоӣ.
Дар ойинабандони парихонаи чашмам,
Биншин, ки ба меҳмонии дидори худ оӣ.
Бинӣ, ки даре аз ту ба рӯи ту кушоянд,
Ҳар дар, ки бар ин хонаи ойина кушоӣ.
Чун Соя маро танг дар оғӯш гирифтаст,
Хуш бод маро суҳбати ин ёри сароӣ.