Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ДИЛЕ ДАР ОТАШ

Чӣ ғам дорад зи хомӯшӣ даруни шуълапарвардам, Ки сад хуршед оташбурда аз хокистари сардам? Ба бодам додию шодӣ, биё, эй шаб тамошо кун, Ки дашти осмон дарёи оташ гашта аз гардам. Шарорангезу тӯфонӣ ҳавое дар ман афтодаст, Ки ҳамчун ҳалқаи оташ дар ин гирдоб мегардам. Ба шавқи лаъли ҷонбахше, ки дармони ҷаҳон бо ӯст, Чӣ тӯфон мекунад ин мавҷи хун дар ҷони пурдардам? Вафодорӣ тариқи ишқи мардон асту ҷонбозон, Чӣ номардам агар з-ин роҳи хунолуд баргардам? Дар он шабҳои туфонӣ, ки олам зеру рӯ мешуд, Ниҳонӣ шабчароғи ишқро дар сина парвардам. Барор, эй базри пинҳонӣ, сар аз хоби зимистонӣ, Ки аз ҳар зарраи дил офтобе бар ту густурдам. Зи хубӣ оби поке рехтам бар дасти бадхоҳон, Диле бар оташ афкандам, Сиёвуше баровардам. Чароғи дида равшан кун, ки ман чун Соя шаб то рӯз, Зи хокистарнишини сина оташ вом мекардам.