Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Дар ҳавасгоҳи олами бекор

Дар ҳавасгоҳи олами бекор Агарат нохунест, сар мехор. Магзар аз ишрати бараҳнасарӣ, Пойпеч аст печиши дастор. Фурсате нест нақди кисаи субҳ, Эй ҳаво мояат, нафас бишмор. Фикри ҷавлон макун, ки рӯи замин Аз ҳуҷуми дил аст обилазор. Чун нигин баҳри саҷдаи номе Бастаем аз хати ҷабин зуннор. Сайри муҷмал муфассалӣ дорад, Дона муҳрест бар сари тӯмор. Чист маъмураи бисоти ҷаҳон? Дил бинои шикастагимеъмор. Шаш ҷиҳат аз дили дуним пур аст, Хотират хуш, ки гандум аст анбор. Ғарра маншин ба ҳосили дунё, Нест ҷуз марг нақди кисаи мор. Кинахез аст табъҳои дурушт, Санг бошад замини тухми шарор Чун гуҳар касби иззат осон нест, Сар ба каф гиру обрӯ бардор. Бедил, афсона бишнаву тан зан,371 Шаб дароз асту гуфтугӯ бекор.