Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ман он шаби сиёҳам, к-аз моҳ хашм кардам

Ман он шаби сиёҳам, к-аз моҳ хашм кардам, Ман он гадойи урам, к-аз шоҳ хашм кардам! Аз лутфам он ягона мехонд сӯйи хона, Кардам яке баҳона в-аз роҳ хашм кардам! Гар сар кашад нигорам в-ар ғам барад қарорам, Ҳам оҳ барнаёрам, аз оҳ хашм кардам! Гоҳам фирефт бо зар, гоҳам ба ҷоҳу лашкар, Аз зар чу зар биҷастам в-аз ҷоҳ хашм кардам! З-оҳанрабойи аъзам, ман оҳанам, гурезон, В-аз каҳрабойи олам, ман – коҳ, хашм кардам! Мо зарраем саркаш аз чору панҷу аз шаш, Худ панҷу шаш кӣ бошад, з-Аллоҳ хашм кардам! Инро ту барнатобӣ, зеро буруни обӣ, Гар шабҳи офтобӣ, з-ашбоҳ хашм кардам!