Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мирзо Турсунзода
Мирзо Турсунзода

НАЗМРО ЁД КАРДАМ

Мерасад аз ҳар тараф мактуб, телефон, телеграмм, Шаҳри Душанбе, ба Мирзои азизу муҳтарам! «Зуд бифристон мақола, тоқати мо тоқ шуд, Журнали мо, ё газети мо ба ӯ муштоқ шуд. Гар ту нанвисӣ, тамоми кор расво мешавад, Сармуҳаррир боз домангир аз мо мешавад, Зудтар бифрист, ки хонандагонат интизор, Дар тамоми рӯи олам дӯстонат интизор». Менавиштам ман дар ин ҳангом шеъру достон, Ғарқ будам дар хаёли дилбари ширинзабон. Акси рӯяш ҷилваҳо мекард дар пеши назар, Менишастам ман ба ёдаш аз сари шаб то саҳар. То кунам тасвир ӯро, ҷустуҷӯе доштам, Бо ҳама «ҷон-ҷонпарастон» гуфтугӯе доштам. Сайр мекардам дар он ҷое, ки ёре доштам, Аз қудумаш, аз ҳузураш ифтихоре доштам. Сайр мекардам ба ҳар сӯи Ватан, мекофтам, Нозанин, дилбар, азизи хешро меёфтам. Сайр мекардам ба ҳар сӯи диёри дилнишин, То нафас гирам ман аз бӯи Ватан, бӯи замин. Телграмм, телфон ба ҷӯши ёд оби сард рехт, Акси ҷонон аз назар ғоиб шуд, ёдаш гурехт. Гуфтам, охир, шеър ҳам бошад ғизои рӯҳу ҷон, Дӯст медоранд шеъри хубро хонандагон. Шеър дилро чун саҳаргоҳон мусаффо мекунад, Ошиқонро гаштаву баргашта шайдо мекунад – Ҳар касе дил дораду дилро ба ҷонон медиҳад, Дил ба ҷонон медиҳад, рақсон, ғазалхон медиҳад. Шеър ҳам хонандаро пайванд созад бо Ватан, Дар дили хонанда орад рангу бӯи сад чаман. Пас чаро аз ман намепурсанд шеъри тозае, Дӯстонро то кунад хурсанд шеъри тозае? Ё ки шавқи дӯстон аз шеърхонӣ пир шуд, Ё ки ёри меҳрубон аз шеъри ман дилгир шуд?.. Ногаҳон дар боз шуд, ҷонона омад дар барам, Гуфт бо лутфу навозиш даст бурда бар сарам: Шоиро! Шеъре бихон, то ҳамдами розат шавам, Дар китоби шеърҳои нав сароғозат шавам.