Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ҲАМНИШИНИ ҶОН

Бе ту, эй ҷони ҷаҳон, ҷону ҷаҳоне, гӯ, мабош! Чун рухи ҷонона натвон дид ҷоне, гӯ, мабош! Ҳамнишини ҷони ман меҳри ҷаҳонафрӯзи туст, Гар зи ҷон меҳри ту бархезад, ҷаҳоне, гӯ, мабош! Як дами васлат зи умри ҷовидонам хуштар аст, Бар висоли дӯст умри ҷовидоне, гӯ, мабош! Дар ҳавои гулшани ҷон пар кушо, эй мурғи ҷон, Тоири хулдошёнӣ, хокдоне, гӯ, мабош! Дар харобободи дунё номае бенанг нест, Аз мани хилватнишин, ному нишоне, гӯ, мабош! Чунки ман аз по фитодам дастгире, гӯ, махез, Чунки ман аз сар гузаштам, остоне, гӯ, мабош! Гар пас аз ман дар дилат сӯзи сухан гирад чӣ суд? Ман чу хомӯшӣ гирифтам, тарҷумоне, гӯ, мабош! Соя, чун мурғи хазонат бепаноҳӣ хуштар аст, Чатри гул чун нест бар сар, соябоне, гӯ, мабош!