ДАР АВҶИ ОРЗУ
Бигзор то аз ин шаби душвор бигзарем,
Он гаҳ чӣ муждаҳо, ки ба боми саҳар барем.
Рӯди раванда синаву сар мезанад ба санг,
Яъне биё, ки раҳ бикушоему бигзарем.
Лаъле чакида аз дили мо гашту ёва гашт,
Хун мехӯрем боз, ки бозаш бипарварем.
Эй равшан аз ҷамоли ту ойинаи хаёл,
Бинмой рух, ки дар назарат низ бингарем.
Дарёб боли хастаи ҷӯяндагон, ки мо
Дар авҷи орзу ба ҳавои ту мепарем.
Паймоншикан ба роҳи залолат супурда беҳ,
Мо ҷуз тариқи аҳду вафои ту наспарем.
Он рӯзи хуш куҷост, ки аз толеъи баланд,
Бар ҳар карона партави меҳраш бигустарем?
Бе равшанӣ падид наояд баҳои дур,
Дар зулмати замона, ки донад чӣ гавҳарем.
Он лаълро, ки хотами хуршед нақши ӯст,
Дасте ба хуни дил бибарему бароварем.
Моем Соя, к-аз таки ин дараи кабуд,
Хуршедро ба қуллаи зарфом мебарем.