Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳушанги Соя
Ҳушанги Соя

ПАРАНДА МЕДОНАД

Хаёли дилкаши парвоз дар таровати абр, Ба хоб мемонад. Паранда дар қафаси хеш, Хоб мебинад. Паранда дар қафаси хеш, Ба рангу равғани тасвири хоб менигарад. Паранда медонад, Ки бод бе нафас аст Ва боғ тасвирест, Паранда дар қафаси хеш, Хоб мебинад.