ДАР ХОНАҚОҲИ ИБЛИС
Гуфтем, шукрилилаҳ, тарсидаанд гургон,
Он ки аз он чарогоҳ кӯчидаанд гургон.
Гуфто гавазни озод, пинҳон зи чашми сайёд:
Дар кори хеш устод гардидаанд гургон.
То доғи домани хеш аз чашми халқ пӯшанд,
Акнун либоси тақво пӯшидаанд гургон.
Ҳангоми дарсу тадрис, аз хонақоҳу талбис,
Ришу ридои иблис дуздидаанд гургон.
Эй раҳравони дилсӯз, макр аст, ин ки имрӯз,
Рухсори оҳувонро бӯсидаанд гургон.
Гулпунаи муҳаббат ин ҷо чӣ гуна рӯяд?
Ҳар гӯша тухми нафрат пошидаанд гургон.
Ҳар меваро, ки бинӣ, з-ин беша заҳр дорад,
Дар пои ҳар дарахте шошидаанд гургон.
Чун саҷда ҳар сареро рабте ба ҳамдигар буд,
Афсӯс, тори моро бибридаанд гургон.
То дона-дона моро аз ҳам ҷудо нишонанд,
Бисёр андар ин роҳ кӯшидаанд гургон.
Бар рух ниқоби оҳу, дар сина қалби кафтор,
Баҳ, баҳ, чӣ роҳу рафтор бигзидаанд гургон.