Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ
Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ

Ай нафси чу саг, охир, то чанд занӣ дандон?!

Ай нафси чу саг, охир, то чанд занӣ дандон?! В-аз кибри касон ранҷӣ в-андар ту дусад чандон! Гирёниву пурзаҳрӣ, бо халқ чӣ бо қаҳрӣ, Монанди сари бирёнгашта, ки манам хандон?! Ман сӯфии босуфам, ман омири маъруфам, Чун шаҳна бувад он кас, к-ӯ бошад дар зиндон?! Маъзурии худ дида, дар хеш турунҷида, Узри дигарон хоҳад аз боби ҳунармандон! Бар донишу ҳоли худ таъвил кунӣ Қуръон, В-он гоҳ ҳам аз Қуръон дар халқ занӣ сандон! Оби ҳаявон ёбӣ, гар хок шавӣ раҳро, В-аз боду бурут ойӣ дар нор ту дарбандон! Бигрез аз ин дарбанд, бар ҷумла ту дар дарбанд, Ҷуз Шамси Ҳақи Табрез – султони шакарқандон!