Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Розиқи Фонӣ
Розиқи Фонӣ

БАҲОНАҶӮ

Боз лабрези орзу шуда дил, Ташнаи хандаҳои ӯ шуда дил. Ку ҳарифе, ки соғаре диҳамаш, Бодаи ишқро сабӯ шуда дил. Ғусса меборад аз фасонаи ӯ, Бо ман имшаб ба гуфтугӯ шуда дил. Бесабаб зор-зор гиря кунад, Ҳамчу кӯдак баҳонаҷӯ шуда дил. То зи гулҳо шунида атри танаш, Дар гулистон ба ҳою ҳу шуда дил. Қисса гӯяд ба ҳар куҷо, ки равад, Андар ин шаҳр қиссагӯ шуда дил. Ҳамзабоне дар ин замона наёфт, Хаста аз ранҷи ҷустуҷӯ шуда дил. Аз гиребони ман дамида саҳар, Ё ба хуршед рӯ ба рӯ шуда дил.