Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Лоиқ Шералӣ
Лоиқ Шералӣ

ГУЛМАҲТОБ

Гулрези баҳоре буд, Ишқеву хуморе буд. Андар лаби дарёе Лаб бар лаби ёре буд. Ӯ бахти ҷавонам буд, Гӯё ки ҷаҳонам буд. Дар қолии гулмаҳтоб Бо ноз қадам мемонд. Мерафту маро дар дил Сад доғу алам мемонд. Ӯ бахти ҷавонам буд, Гӯё ки ҷаҳонам буд. Шуд сард дили гармам Бе сӯзу гудози ӯ. Кӯтаҳ шуда умри ман Бе зулфи дарози ӯ. Ӯ бахти ҷавонам буд, Гӯё ки ҷаҳонам буд.